Умари Хайём

 

 

УМАРИ ХАЙЁМ (1048-1131)

Умари Хайём дар таърихи фарҳанги мардумони тоҷику форс яке аз бузургтарин шоирону файласуфон ва риёзидонону ҳайъатшиносон буда, дар соҳаи тиб, мусиқӣ, ҷуғрофия ва илму ҳунарҳои дигар низ аз устодони комил ба шумор меравад. Вай дар Нишопур 18 майи соли 1048 ба дунё омадааст. Номи ӯ Умар, лақаби ифтихориаш Ғиёсуддин ва лақаи маъмулиаш Абулфатҳ аст. Падари ӯ хаймадӯз буд. Тахаллуси адабиаш Хайём аз касби падараш гирифта шудааст. Ӯ то 17-солагй тамоми донишҳои фалсафӣ ва ҷамеъи илмҳои маъмул ва ғайримаъмули замонашро аз бар карда, дар ҳамин синну сол чун олиму донишманд шинохта шуд. Умари Хайём ҳангоми калонсолӣ
замони таҳсилашро дар назди устодон ба хотир оварда, қайд менамояд, ки худаш низ муддате устод будааст:

Якчанд ба кӯдакӣ ба устод шудем,
Якчанд ба устодии худ шод шудем.

Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид:

Чун абр дар-омадему чун бод шудем. Соли 1066 падари Хайём фавтид ва ҳамон сол Умар ба саёҳати шаҳру ноҳияҳои Мовароуннаҳру Хурсон баромад. Дар Самарқанд ӯро қозикалони шаҳр Абӯтоҳир Абдураҳмон ибни Алоқ (1039-1091) барои хизмат ба даргоҳи худ даъват намуд. Олими ҷавон бо камоли мамнунӣ ин дархостро пазируфта, ба муҳити илмии Самарқанд ворид шуд. Абӯтоҳир Абдураҳмон барои пешбурди корҳои илмии Умари Хайём шароит фароҳам оварда, сарпарастии коргоҳи илмӣ ва роҳбарии пажӯҳандагони даргоҳи худро ба ӯҳдаи ӯ гузошт. Вай аз соли 1070 то 1073 дар ин ҷо ба корҳои илмӣ шуғл варзида, асарҳои оламшумули риёзии хешро навишт.
Бо вуҷуди пешрафти корҳои илмӣ дар Самарқанд ва аз Абӯтоҳири илмдӯст некӣ дидан Умари Хайём дар орзуи ёру диёри хештан буд. Ӯ мехост, ки ба Нишопур баргардад. Иҷозати рафтан ҳосил шуд. Аммо дар роҳ, охирҳои соли 1073, ҳокими Бухоро Шамсулмулук Наср Тамғочхони Қарохонӣ (1067-1079) Умари Хайёмро ба дарбори худ фуруд оварда, ӯро ниҳоят иззату ҳурмат мекунад. Баъди ба тахти Салҷуқиҳо нишастани Маликшоҳ (1072-1092) Шамсулмулук ихтиёран тобеияти ӯро қабул кард. Баъди тақрибан як соли истиқомат дар Бухоро Умари Хайём ба ватани худ баргашта, дар охирҳои соли 1074 ба Нишопур расид.
Султон Маликшоҳи Салҷуқй (1072-1092), ки Исфаҳонро пойтахти ҳукумати худ қарор дода буд, соли 1074 дар он ҷо барои сохтмони расадхона фармон дод. Бо пешниҳоди вазири ботадбири ӯ Низомулмулки Тӯсӣ (1018-1092) Умари Хайём, ки синнаш ба 26 расида буд, ба сохтмони расадхона сафарбар шуд. Умари Хайём чун роҳбари сохтмон ва сардори расадхона ба муҳити илмии Исфаҳон дохил гардид. Барои ӯ манзил ва моҳонае муқаррар шуд, ки ӯро кофӣ буд. Ҳамроҳи ӯ чаҳор донишманди дигари ситорашиносу риёзидон ва файласуф Абулмузаффари Ал-Исфизорӣ, Маймун ибни Наҷиби Ал-Воситӣ, Абдураҳмони Хозинй ва Абулаббоси Лӯкарй ба кор ва пажӯҳиши илмӣ машғул шуданд.
Муҳимтарин дастоварде, ки Умари Хайём ва ёрони ӯ ба он ноил шуданд, ислоҳ ва танзими тақвими солшумории шамсӣ буд. Таквимҳои мавҷуда камбудиҳои зиёд доштанд. Тақвиме, ки бо роҳбарии Умари Хайём мураттаб ва соли 1079 ҷорӣ гардид, бо номи "Тақвими ҷалолӣ" дар таърих маълум аст, ки он саҳеҳтарин тақвим аст. Фарқи он аз соли табиӣ 17 сония дар як шабонарӯз аст, ки ин фарқ дар 5082 сол як шабонарӯзро ташкил мекунад.
Ҳаждаҳ сол Умари Хайём осуда дар Исфаҳон ба кори илмй машғул буд. 16 октябри'соли 1092 Низомулмулк бо дасти ҷосусони мазҳаби исмоилия кушта шуд. Баъди ду моҳ Маликшоҳ ҳам вафот кард. Дар мамлакат фитнаҳои сиёсӣ авҷ гирифтанд. Бинои расадхонаро оташ заданд. Доираи илмию адабии дарбори Маликшоҳ пош хӯрд. Умари Хайём ва ёронаш ба таъқиб дучор шуданд. Воситй, Исфизорй ва Хозинй ба ҳар тараф гурехтанд. Умари Хайём чанде дар Исфаҳон ва атрофи он овора гашт.
Зикр кардан лозим аст, ки соли 1097 султони ояндаи салҷукӣ Санҷар ба дарди гулӯ гирифтор шуд. Он вақт ӯ ёздаҳсола буд. Табибони рӯзгор дар илоҷи дарди Санҷар оҷиз монданд. Барои табобати ӯ Умари Хайёмро даъват карданд. Умари Хайём Санҷарро аз чанголи марг наҷот дод. Аммо ба ҷои сипосу подош бар зидди ӯ фитнаҳо барпо карданд, зеро вақте аз ӯ ҳоли беморро пурсиданд. гуфт, ки ба ӯ марг тахдид мекунад.
Соли 1097 Хайём ба ҳаҷ рафт, чанде дар Бағдод зист ва соли 1112 ба Нишопур баргашт.
4 декабри соли 1131 Умари Хайём дар зодгоҳи худ шаҳри Нишопур аз олам чашм пӯшид. Дар ин вакт вай 83 сол дошт. Пеш аз вафот Умари Хайём қисмати Илоҳиётро аз китоби Абӯалӣ ибни Сино Шифо мехонд. Чун ба фасли "Воҳид ва касир" расид, додарарӯси худ Имом Муҳаммади Бағдодиро гуфт: "Ҷамоатро бихон, то васият кунам. Ёрону наздикони шоир ҷамъ омаданд. Намози хуфтанро хонд ва рӯй ба қибла оварда гуфт:

Сер омадам, эй худой, аз ҳастии хеш,
Аз тангдилию аз тиҳидастии хеш.
Аз нест чу ҳаст мекунй, берун ор
3-ин нестиям ба ҳурмати ҳастии хеш".
Вайро дар қабристони Ҳира ба хок супурданд.

Мадфани ӯро аҳли Нишопур бо ҳурмат нигоҳубин мекарданд. Вале авлодони ӯ дар асри мо ба хулосае омаданд, ки он мазор лоиқи номи бузургвори Умари Хайём нест. Бинобар ҳамин, пул ҷамъ карда, соли 1934 дар Шодях барои он нобиға оромгоҳе сохтанд, ки чоми сарнагунро мемонад. Санги рӯи қабр ва девораҳои мазор бо рубоиҳои худи шоир ва шаклҳои ҳандасй оро дода шуда, таърихи он бо ин рубоӣ сабт шудааст, ки аз он 1313 шамсй мебарояд, ки ба 1934 баробар аст. Атрофнмазор гулпӯшу дарахтзор аст. Ҳар рӯз даҳҳо касон аз аҳли дил онро зиёрат мекунанд. Байти рубоӣ ин аст:
Бар турбати Хайём нишин, ком талаб, Як лаҳза фароғ аз ғами айём талаб.

Hosted by uCoz