Умари Хайём

 

 

НАВРӮЗНОМА.

Ин асар яке аз таълифоти илмй-таърихии Умари Хайём буда, дар байни солҳои 1095-1098 ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Дар оғози китоб роҷеъ ба сабаби пайдоиш ва кашфи ҳақиқат ва бузургдошти ҷашни Наврӯз сухан меравад. Умари Хайём мӯътақид аст, ки ҳисоби солу моҳҳоро Каюмарс ба низом оварда бошад ҳам, рӯзи Наврӯзро Ҷамшед таъин кард. Ҳамчунин, Умари Хайём доир ба урфу одат, расму ойин ва тарзи ҷаҳондории подшоҳони Эрони бостон, маросими ҷашнҳо, таъриху ваҷҳи номгузории моҳҳои эронй маълумотҳои муфид медиҳад. Ба гуфти Умари Хайём "Ҳар кй рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамй пайвандад, то ба Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон карданд".
Умари Хайём дар Наврӯзнома ҳамчунин дар бораи тақвим, гардиши офтоб, таъин намудани соли кабиса, хосияти маъданҳо, зар, нишонаҳои ганҷҳои пинҳон кардашуда, рустаниҳо, парандаҳо, бозҳо ва уқобон баҳс мекунад. Вай оид ба асп, бисёр ҳайвоноти хонагӣ, хусусияту манфиати ҳар кадоми онҳо тадқиқоти аҷоиб бурда, доир ба тир, камон, қалам ва амсоли инҳо маълумот медиҳад. Тарзи тайёр кардани шароб, хосиятҳои шифобахш ва вақту андозаи истеъмоли он аз мавзӯъҳои муҳими баҳси Наврӯзнома аст.
Масъалаи адлу дод, саховату бахшиш, нашри дониш, заҷри гунаҳгорон, ободон гардондани кишвар, боғистону гулзорҳо ва монанди инҳо дар Наврӯзнома васеъ ба муҳокима гирифта шуда, дар мавқеъҳои мувофиқ барои тақвияту тасдиқи фикри муаллиф ҳикоятҳои дилангези тамсилй оварда мешаванд.
Сабки Наврӯзнома равону салис ва бетакаллуф буда, луғатҳои арабӣ кам дорад, ибораҳояш кӯтоҳу мӯъҷаз аст.
Ба ғайр аз асарҳои илмй рубоиёти Умари Хайём машҳури оламиён аст. Ба қалами ӯ аз 62 ва ҳатто аз 13 то 1200 рубоиро нисбат медиҳанд. Худи Хайём онҳоро ҷамъ ва дар як ҷо китобат накардааст, зеро ӯ намехост, ки дар силки шоирон ҷой бигирад. Ҷамъ овардани ашъори Умари Хайём аз тарафи ҳамзамонони ӯ низ маълум нест. Дар бораи шоир будани ӯ Имодуддини Котиб соли 1176 навишта буд: "Умари Хайём - мисли ӯ дар асри худ пайдо намешуд, дар илми нуҷум ва ҳикмат беназир буд ва дар ин ду ба ӯ масал зада мешавад ва аз шеъри ӯ ин қитъа дар Исфаҳон барои ман хонда шуд".
Соли 1207 мунтахабе аз ашъори Умари Хайём мураттаб гардидааст, ки шомили 251 рубоист. Ниҳоят, Ёраҳмад Рашидии Табрезӣ соли 1462 маҷмӯаеро аз рубоиёти Умари Хайём бо номи "Тарабхона" тадвин кард, ки 559 рубоӣ дорад. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки Умари Хайём асрҳо пеш аз он ки дар Урупо чун шоири рубоисаро машҳур гардад, дар байни тоҷикону эрониҳо ба ҳайси як шоири муқтадир шинохта шуда будааст.
Умари Хайём мазмун, сабк ва суннатҳои рубоинависони пешин ва муосирони худро амик омӯхта, сиришти рубоиёти хешро аз нуктаҳои фалсафа, ҳикмат, ғояҳои инсонпарварона, мавзӯъҳои ахлоқу одоб, тарғиби ҳаётдӯстӣ, идроки масъалаҳои дунёшиносӣ ва ҳаҷву танқид анбошта, сарнавишти инсон, моҳияти зиндагй ва кӯшиши кашфи асрори азалро ба муҳокима гирифта, аз дардҳои башарият огоҳ мегардад. Ӯ аз нодонй ва бехабарии инсон ҷигархун гашта, ба хулосае меояд, ки дарки ҳақиқати ашё маҳол аст:
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре1 будаст, Гарданда фалак низ ба коре будаст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳй,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.

Мундариҷаи ғоявии рубоиёти Умари Хайём
Ин шоири бузург ва ҳакими тавоно устоди бемонанди рубоисарост. Мӯҳтавои рубоиёти ӯ аз баёни фалсафаи зиндагӣ, рози ҳастӣ, муаммоҳои вучуд, масъалаҳои ахлоқ, танқиди кирдорҳои ношоиста ва амсоли инҳо иборат аст. Шоири ҷаҳонӣ пеш аз ҳама масъалаҳои ахлоқро ба маърази муҳокима гузошта, ғояҳои некӣ, дӯстиву рафоқат, номи нек, меҳнати ҳалол, кӯшишу кор, фурӯтанй ва қаноатро тарғиб менамояд. Дар баробари ин, Умари Хайём талқин мекунад, ки инсони поксиришт бояд аз зиштй, ҳирсу оз, шаҳвату ҳаво, бедодгарӣ, сӯҳбати ноаҳл, дӯстони тамаъкор, ғурур, хештанпарастй, кина, ҷаҳлу нодонӣ ва бадгӯй барҳазар бошад, зеро қаноат ба нони ҷавини хеш ҳазор бор авлотар аст аз нони касонро хӯрдан ва дар зери бори миннат афтодан:

Қонеъ ба як устухон чу каргас будан
Беҳ з-он ки туфайли нони нокас будан.
Бо нони ҷавини хеш, хаққо, ки хуш аст,
К-олуда ба полудаи ҳар кас будан!

Соҳиби сарпаноҳу воситаи рӯзгузаронии оддй будан беҳтар аз он аст, ки кас бо маломату чоплусй рӯзгори бодабдаба гузаронад:
Дар даҳр ҳар он кӣ нимноне дорад, Ё дархури хеш ошёне дорад. Не ходими кас бувад на махдуми касе, Гӯ: шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад.
Дар муайян кардани моҳияти ҳастӣ Умари Хайём аз тағйир пазируфтани шакли ашё ва дигар шудани шаклҳои ҷисм ақида ронда, аз образи кӯза ва кӯзагар истифода мебарад, касро ба ҳурмати ҷисм ва гиромидошти хок таблиғ мекунад:

Ин кӯзагарон, ки даст бар гил доранд,
Гар ақлу хирад нек бар ӯ бигморанд,
Ҳаргиз назананд мушту силию лагад,
Хоки падарон аст, накӯ медоранд.

Ҷаҳон бо тағйиру дигаргуниҳо пеш меравад. Гили кӯзагарон ба забони ҳол мегӯяд, ки ман ҳам мисли ту будам, инро аз ёд набарор. Шоир ҳамин мазмунро дар бисёр рубоиҳои худ ифода менамояд. Вай ба кӯза ишора карда мегӯяд:

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.

даста, ки дар гардани у мебини, Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
Май, бода ва шароб дар гуфтори Умари Хайём аз як василаи оддии сархушкунанда болотар аст. Таърифи шароб, кеши бодапарастӣ, шаккокият, лаззатгирӣ ва таргиби хуш будану ишқ варзидан ҳар дафъа бо зебу ороиши дигар садо дода, чун эътирози сахт бар зидди эътиқодоти хурофогпарастона, бетартибй ва бенизомиҳои ҷамъият, ҳамчунин нафрат бар алайҳи зулму ҷавр ифода мегардад. Бо ин навъ гуфтаҳои худ ӯ мавриди кинаи арбобони дин қарор гирифта буд. Аммо ҳамлаи Умари Хайём бар зидди ин гурӯҳи тангназари хурофотпараст густохонатару ҷасуронатар аст:

Он қавм, ки саҷҷодапарастанд, харанд,
Зеро ки ба зери бори солус даранд.
В-ин аз ҳама турфатар, ки дар пардаи зӯҳд
Ислом фурӯшанду зи кофар батаранд.

Шаробе, ки Хайём васф мекунад, бешубҳа, шароби воқеист. Аз ин рӯ шахси бодапаймо бояд аз лояъқилй, арбадаҷӯӣ, озори дигарон ва девонагӣ дар ҳазар бошад:

Ҷун бода хурй, зи ақл бегона машав,
Мадҳуш мабошу ҷаҳлро хона машав.
Хоҳй, ки майи лаъл ҳалолат бошад,
Озори касе маҷӯю девона машав!

Хулду ҷаҳим, яъне биҳишту дӯзахро касе надидааст ва аз он дунё ҳам касе наомадааст, умеду ҳароси мо ба чизест, ки ҷуз ном нишоне надорад:

Кас хулду ҷахимро надидаст, эй дил!
Ку кас, ки аз он ҷаҳон расидаст, эй дил!
Уммеду ҳароси мо ба чизест, к-аз он
Ҷуз ном нишоне на падид аст, эй дил!

Хулосаи шоир он аст, ки ҳама чизро холиқ офаридааст, агар нек аст, фазли ӯст ва агар бад аст, тақсир ҳам ӯрост. Дар ин амр бандаро ҷурме нест. Аз ҳамин нуқтаи назар ӯ саволомез мефармояд:

Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чй кунам?
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вучуд,
Ту бар сари ман набиштаӣ, ман чӣ кунам?

Hosted by uCoz