Умари Хайём

 

 

ШӮҲРАТИ ОЛАМГИРИ РУБОИЕТИ ХАИЕМ УМАРИ ХАЙЁМ

Рубоиёти Умари Хайём дар ҳақиқат ҳам ба шӯҳрати оламгир молик буда, кариб ба тамоми забонҳои соҳиби хат ва мутамаддини дунё, ки сернуфустарини он забони хитой ва яке аз забонҳои камсоҳиб қарачаевй мебошад, тарҷума ва нашр шудааст. Имрӯз рубоиёти Умари Хайёмро ба забони японй, яҳудй, ҳиндӣ, русӣ, қариб тамоми забонҳои мардумони шӯравии собиқ, испанй, итолиёвй, олмонй, фаронсавй, арабй, туркй ва ғайра дидан мумкин аст. Дар шӯҳрати ҷаҳонй пайдо кардани рубоиёти Умари Хайём хизмати шоир ва мутарҷими Адглия Эдвард Фитсҷералд бузург аст. Эдвард Фитсҷералд (1809-1883) 101 рубоии Умари Хайёмро ба англисй тарҷума карда, онҳоро дар шакли достони суҷетдоре дароварда, соли 1859 дар Лондон ба табъ расоид. Он маҷмӯа гаштаю баргашта нашр шуд. Баъд аз соли 1889 то соли 1926 рубоиёти Умари Хайём дар Англия, Ҳиндустон ва Амрико 152 маротиба ба забони англисй нашр гардид. Соли 1895 дар Бостон ва Лондон феҳристи нашрҳои рубоиёт ва адабиёт оид ба Умари Хайём чоп шудааст, ки аз 250 сафҳа иборат аст. Мураттиб хотирнишон мекунад, ки фақат навиштаҳои ба назар намоёнро қайд намудааст. Номгӯи ҳамаи навиштаҳоеро, ки доир ба Умари Хайём дар тамоми забонҳо мавҷуданд, фақат Худо медонад. Агар ҳамаи онҳо дар як ҷо гирд оварда шаванд, худашон як китобхонаи тому ғаниро ташкил
мекунанд.

 

Hosted by uCoz