Умари Хайём

 

 

ОСОРИ ИЛМИИ АСАРҲОИ УМАРИ ХАИЁМ

Умари Хайём аз саромадони илми ҷаҳонист ӯро метавон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кард:

1.Асарҳои риёзӣ ва ҳандасй: Рисола дар исботи масъалаҳои ҷабру муқобала, Рисола дар таҳлили як масъала бо муъодилаи дараҷаи сеюм, Рисола дар шарҳи мушкилоти Уқлидус, Мушкилот-ул-ҳисоб.

2.Асарҳои фалсафй: Рисола дар куллиёти вуҷуд, Равшании ақли дар ашёи илми кул, Мухтасари табииёт.

3.Оид ба нуҷум: Зиҷи маликшоҳй.

4.Асарҳо доир ба заминшиносӣ ва моддаҳои маъданй: Рисола дар маърифати тилло дар ҷисми мураккаб, Мизон-ул-ҳикам.

5.Фӣ-л-кавн ва-т-тиб дар бораи пизишкй.

6.Асарҳо дар бораи мусиқй ва мардумшиносй: Шарҳи мушкилоти мусиқй, Наврӯзнома, Лавозим-ул-амкина.

Аслан, номи аксари ин асарҳо ба арабй аст. Ин ҷо барои осон шудан тарҷумаи онҳо ба тоҷикй зикр гардид. Умари Хайём доир ба луғат, таърих ва адабиёт низ асарҳо доштааст, ки акнун онҳо аз байн рафтаанд.
Рисолаҳои илмии Хайём дар улуми дунявии замони ӯ гардиши гозае ба амал оварда, ба василаи тарҷумаҳо ба забонҳои гуногуни урупоӣ шӯҳрати ҷаҳонии муаллифро афзун гардонданд.

Hosted by uCoz