Умари Хайём

 

 

РУБОИ

Сер омадам, эй худой, аз ҳастии хеш,
Аз тангдилию аз тиҳидастии хеш.
Аз нест чу ҳаст мекунй, берун ор
3-ин нестиям ба ҳурмати ҳастии хеш".
Вайро дар қабристони Ҳира ба хок супурданд.

Қонеъ ба як устухон чу каргас будан
Беҳ з-он ки туфайли нони нокас будан.
Бо нони ҷавини хеш, хаққо, ки хуш аст,
К-олуда ба полудаи ҳар кас будан!

Ин кӯзагарон, ки даст бар гил доранд,
Гар ақлу хирад нек бар ӯ бигморанд,
Ҳаргиз назананд мушту силию лагад,
Хоки падарон аст, накӯ медоранд.

Он қавм, ки саҷҷодапарастанд, харанд,
Зеро ки ба зери бори солус даранд.
В-ин аз ҳама турфатар, ки дар пардаи зӯҳд
Ислом фурӯшанду зи кофар батаранд.

Ҷун бода хурй, зи ақл бегона машав,
Мадҳуш мабошу ҷаҳлро хона машав.
Хоҳй, ки майи лаъл ҳалолат бошад,
Озори касе маҷӯю девона машав!

Кас хулду ҷахимро надидаст, эй дил!
Ку кас, ки аз он ҷаҳон расидаст, эй дил!
Уммеду ҳароси мо ба чизест, к-аз он
Ҷуз ном нишоне на падид аст, эй дил!

Бар синаи ғампазири ман раҳмат кун,
Бар ҷону дили асири ман раҳмат кун.
Бар пойи хароботрави1 ман бахшой,
Бар дасти пиёлагири ман рах,мат кун.

Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чй кунам?
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вучуд,
Ту бар сари ман набиштаӣ, ман чӣ кунам?

Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост?
Торикдилам, нури сафои ту куҷост?
Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшй,
Он байъ бувад, лутфу атои ту куҷост?

Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям,
Озодам кун, ки лоиқи банд наям.
Гар майли ту бо бехираду ноаҳл аст,
Ман низ чунон аҳлу хирадманд наям.

Май мехӯраму мухолифон аз чапу рост,
Гӯянд: Махӯр бода, ки динро аъдост.
Чун донистам, ки май адӯи дин аст,
Валлоҳ, бихӯрам хуни адӯро, ки равост.

Hosted by uCoz